«ИСТИҚЛОЛ» БО ЛЕГИОНЕР АЗ НИГЕРИЯ ШАРТНОМА БАСТ
16.02.2025 14:50
БАҲРИ ПУРЗӮР КАРДАНИ ҲАЙАТ «ИСТИҚЛОЛ» БО НИМҲИМОЯТГАР АЗ НИГЕРИЯ НИКОЛАС ЛОУРЕНС ШАРТНОМА БАСТ.
Муҳлати қарордоди футболбози ҷадид бо дастаи «Истиқлол» то охири мавсими-2025 дар назар гирифта шудааст.
Николас Лоуренс Анвон 17 маи соли 2001 таваллуд шудааст. Қадаш – 188 см, вазн – 78 кг.
Дастпарвари Академияи «Аруна Бабангида» мебошад.
Ба ҳайси футболбози касбӣ дар тимҳои «Тамбов», «Химки» (Россия) ва «Фатих Карагюмрюк»-и Туркия ҳунарнамоӣ кардааст.