Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» ҲАЙАТАШРО БО ФУТБОЛБОЗИ ЭРОНӢ ПУРРА НАМУД!

14.02.2025 21:50

ҚАҲРАМОНИ КИШВАР ҲАЙАТИ ХУДРО БО НИМҲИМОЯТГАРИ ЭРОНӢ РИЗО ДЕҲҚОНӢ ПУРРА КАРД.

Бо футболбози 27-сола, ки тарбиятгирандаи клуби  футболи  «Сипоҳан» мебошад, то охири мавсими футболи кунунӣ  созишномаи меҳнатӣ ба имзо расид. 

Ризо Деҳқонӣ – қадаш 182 см,  7 январи соли 1998 таваллуд шудааст, ба ғайр аз «Сипоҳон», ӯ дар дастаҳои  «Персеполис», «Нассоҷӣ» ва «Истиқлол»-и Хузистон ҳунарнамоӣ намудааст. 

Футболбоз дар зиёда аз 150 бозӣ дар Про-лигаи Эрон вориди майдон гашта, дар ҳисоби худ  11 гол ва 11  партофти головар дорад.

Ризо Деҳқонӣ  дар ҳайати «Истиқлол» дар ду бозии омодаги ба мавсим иштирок намуда, дар Ҷоми ФФТ як гол ба номи худ сабт намуд.

 Хуш омадӣ ба «Истиқлол», Ризо!

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/30599

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj