Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» БО ДУ ЛЕГИОНЕР ШАРТНОМА БАСТ

18.01.2025 18:50

ДАСТАИ ФУТЗАЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР РАВЗАНАИ ТРАНСФЕРӢ БО ДУ ФУТЗАЛБОЗИ ХОРИҶИ ҲАЙАТАШРО ПУРРА НАМУД.

То охири мавсими кунунии Лигаи футзал, дастаи «Истиқлол» бо ду бозикуни хориҷӣ шартномаи меҳнатиро ба имзо расонид. Ба ҳайати қаҳрамони мамлакат бозикуни хати ҳимоя- узви мунтахаби Туркманистон Равшан Оразмуҳамедов ва ҳамлагар аз Бразилия Матеуш Худсон Соуза Диас ҳамроҳ гаштанд. 

Равшан Оразмуҳамедов қаблан дар мавсими-2023 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ намуда буд ва соли гузашта дар ҳайати тими «Регар» бозӣ мекард.

Матуш Худсон, қадаш 190 см, 25 сола мебошад ва дар дастаҳои гуногуни Бразилия ба монади клубҳои  «Санта Роса», «Униара», «Руссо Прето» ва «Ипуа» баромад намудааст. 

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/30246                                                                                                                                

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj