ШЕРВОНИ МАБАТШОЕВ БА ТИМИ «КАПАЗ» ГУЗАШТ
16.01.2025 11:50
ҲУҶУМКОРИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА ТИМИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРВОНИ МАБАТШОЕВ ФАЪОЛИЯТИ БОЗИГАРИИ ХУДРО ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОЗАРБОЙҶОН ИДОМА МЕДИҲАНД.
Футболбоз бо дастаи «Капаз», ки дар Лигаи бартари Озарбойҷон ҳунарнамоӣ мекунад, шартномаи якунимсолаи меҳнатӣ имзо кард. КФ «Капаз» аз шаҳри Ганҷа пас аз ду марҳила дар ҷадвали мусобиқоти чемпионати Озарбойҷон-2024/25 ҷои 9-умро ишғол мекунад.
Шервони Мабатшоев аз моҳи июли соли 2021 дар ҳайати дастаи «Истиқлол» бозӣ мекард ва дар ин муддат ҳамроҳ бо даста дар ҳама мусобиқаҳои дохилии кишвар ғолиб омадааст. Шоми имрӯз Шервони ба Боку сафар намуда, ба дастаи «Капаз» ҳамроҳ мегардад.
КФ «Истиқлол» ба Шервони Мабатшоев барои фаъолияташ дар даста изҳори ташаккур гуфта, ба ӯ дар корномаи ояндаи футболиаш муваффақиятҳои беназирро орзу менамояд!