ОҒОЗИ ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ДАСТАИ ФУТЗАЛ
08.01.2025 17:00
ДАР ДОИРАИ ОМОДАГӢ БА МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛИГАИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН, ДАСТАИ ФУТЗАЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИЮ ОМӮЗИШИРО ДАР ПОЙТАХТ ОҒОЗ НАМУД.
Ҷамъомади омӯзишии дастпарварони Александр Забирадзе аз 8 то 15 январ давом хоҳад кард. Дар ҷараени ҷамъомад даста дар як рӯз ду маротиба тамрин анҷом медиҳад.
Машқҳои омӯзишии қаҳрамони кишвар дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» ва дар фитнес клуби «Крокус Фитнес Душанбе» баргузор мешаванд.