«ИСТИҚЛОЛ» ДАР «ҶОМИ РОҲИ АБРЕШИМ» ИШТИРОК МЕНАМОЯД!
03.01.2025 23:50
Аз 24 апрел то 6 май бо ибтикори Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ нахустин мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Роҳи Абрешим-2025» миёни клубҳои футболи давлатҳои аъзои ассотсиатсияи мазкур баргузор мегардад.
Тибқи талаботи меъёри иштирок, дар мусобиқаи мазкур дастаи каҳрамони чемпионати Точикистон-2024 «Истиқлол» ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» ҳунарнамоӣ менамоянд.
Мувофиқи низомномаи мусобиқот, 8 даста дар ду гурӯҳ барои ба даст овардани Ҷом бо ҳам мубориза мебаранд! Макони баргузории бозиҳо баъдтар ба таври расмӣ эълон мегардад.