РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ДИГАРБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД
14.12.2024 12:50
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Рустам Эмомалӣ бори чаҳорум – то соли 2028 ба мансаби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ интихоб гардид. Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар интихоб шуданд.
Илова бар ин, дар Конгресс ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовини ӯ инчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомил гардиданд.
Дар Конгресси ФФТ ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2023, буҷаи созмон барои соли 2025, гузориши аудитори мустақил дар бораи фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи кишвар дар соли 2023 ба тасвиб расид ва инчунин аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии ФФТ барои солҳои 2025-2026 таъйин карда шуд.
Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё ширкат карданд.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/29995
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/29985?single
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/29975?single