Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ДАР ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО ЯК ДАВРИ ДИГАР СИПАРӢ ГАШТ

26.11.2024 23:50

ИМРӮЗ БОЗИҲОИ ДАВРИ ПАНҶУМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ ДАР ГУРӮҲИ «С» БАРГУЗОР ШУДАНД.

Дастаи «Истиқлол» дар сафар бо тими «Шарҷа» аз Аморати Муттаҳидаи Араб вориди рақобат гашт. Дидори мазкур бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи соҳибони майдон ба поён расид.

Дар вохурии дастаҳои «Сипоҳон» (Эрон) ва «Ал-Ваҳдат» (Урдун) ҳисоби мусовии 1:1 ба қайд гирифта шуд. Аз руи натиҷаи панҷ давр, дастаи «Ал-Ваҳдат» бо касби 11 имтиёз ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифт.

Ҳамакун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳи «Ал-Ваҳдат» бо «Шарҷа» ва «Истиқлол» бо «Сипоҳон» вомехуранд. Ин бозиҳо санаи 3 декабр баргузор мешаванд.

 ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО - 2024/25 

Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 5-ум

Гурӯҳӣ «С»

«Шарҷа» (АМА) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо:  Луан Перейра, 21 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 24 (1:1). Усмон Камара, 30 (2:1).  Кайо Фернандес, 58 аз пеналти (3:1).

«Истиқлол»: Никола Стошич, Содиқҷон Қурбонов, Дарко Илиески, Амирбек Ҷурабоев, Мэтю Миллар, Алексей Ларин, Кейта Сузуки (Аҳтам Назаров, 46) Амадони Камолов (Рустам Соиров, 78), Эҳсони Панчшанбе, Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев (Димитар Митков, 88).

Корти зард: Луан Перейра, Абдулло Ал-Алави, Маркус Мелони, Одил Ал-Ҳусани («Шарҷа»), Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Ким Ву Сонг (Кореяи Ҷанубӣ).

Нозири доварон: Халил Иброҳим Ал-Гамди (Арабистони Сауди).

Комиссари бозӣ: Гованд Абдулхолид Масъуд (Ироқ).

26 ноябр. Шарҷа (АМА). Варзишгоҳи «Шарҷа». 689 тамошобин.

 

«СИПОҲОН» (ЭРОН) - «АЛ-ВАҲДАТ» (УРДУН) – 1:1

АКС: https://t.me/fcistiklol2007/29558

АКС: https://t.me/fcistiklol2007/29546

АКС: https://t.me/fcistiklol2007/29530

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj