«ИСТИҚЛОЛ» ДАР ФИНАЛИ «ҶОМИ КУШОДИ АВРУПО»
24.11.2024 01:50
Дастаи футзали «Истиқлол» дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми кушоди Аврупо» бар мунтахаби Беларус бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардида, ба финал баромад.
Ҳамакнун имрӯз, 24 ноябр, дастаи «Истиқлол» бо ғолиби гурӯҳи «А» мунтахаби Россия дар бозии ниҳоӣ вомехурад. Оғози бозӣ соати 15:30 бо вақти Душанбе.
МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ҶОМИ КУШОДИ АВРУПО»
Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - Мунтахаби Беларус - 4:0
Голҳо: Рустам Ҳамидов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Раҳмоналӣ Шарипов,
23 ноябр. Химки. Маркази омӯзишӣ- таълимии «Новогорск»