БОХТИ АВВАЛ ДАР МАВСИМИ НАВИ ФУТЗАЛ
09.11.2024 22:30
ДАСТАИ ФУТЗАЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ ЛИГАИ ФУТЗАЛ АЗ ТИМИ «АМОНТБОНК» ДУЧОРИ БОХТ ГАРДИД.
Дидори мазкур, ки дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» баргузор гардид, бо натиҷаи 3:2 ба анҷом расид. Дар даври 5-ум, 16 ноябр, дастаи «Истиқлол» тими «Регар»-ро қабул менамояд.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ-2024/25
ДАВРИ ЧОРУМ
«Амонатбонк» - «Истиқлол» - 3:2
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 7 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 8 (1:1). Умед Кузиев, 16 (2:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 34 (2:2). Некрӯз Алимаҳмадов, 39 (3:2).
«Истиқлол»: Фирӯз Бекмуродов, Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммад Шарипов, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Идиев, Самариддин Шамсов, Абдукаюм Умаров, Шавкат Ҳалимов, Насратшо Исмоилов, Ҳикмат Исмоилов.
Беҳтарин бозиигари вохурӣ: Некрӯз Алимаҳмадов («Амонатбонк»).
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
9 ноябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп». 400 тамошобин.