9:0! «ИСТИҚЛОЛ» БАР «ХУҶАНД» ЗАФАР ЁФТ!
03.11.2024 23:55
ДАР ДАВРИ СЕЮМИ СУПЕРЛИГАИ ФУТЗАЛ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» БЕ МУШКИЛӢ БАР ДЕБЮТАНТИ ЧЕМПИОНАТ ТИМИ «ХУҶАНД» ПИРӮЗ ГАРДИД.
«Хет-трик»-и беҳтарин бозингари вохурӣ Рустам Ҳамидов ва муалифони дубл Хикмат Исмоилов, Ҳамид Ғуломӣ ва Некруз Идиев ғалабаи калони чемпиони феълии Суперлигаро таъмин намуданд. Дар даври 4-ум, санаи 9 ноябр «Истиқлол» бо «Амонатбонк» вориди рақобат мегардад.
Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал
Даври 3-юм
«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 9:0
Голҳо: Рустам Ҳамидов - 3, Ҳикмат Исмоилов-2, Ҳамид Ғуломӣ-2, Некруз Идиев-2.
«Истиқлол»: Фирӯз Бекмуродов, Самариддин Шамсов, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Идиев, Ҳамид Ғуломӣ, Муҳаммад Шарипов, Насратшо Исмоилов, Ҳикмат Исмоилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»).
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
3 ноябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп».