ФИРАС ШИБАЙЯ: «НИЯТ ДОРЕМ АЗ ГУРӮҲ БАРОЕМ»
21.10.2024 23:00
НИМҲИМОЯТГАРИ «АЛ-ВАҲДАТ»-И УРДУН ДАР НИШАСТИ ХАБАРИИ ПЕШ АЗ БОЗӢ БО «ИСТИҚЛОЛ» ЧУНИН ИБРОЗИ НАЗАР КАРД:
- Мо ба ин бозӣ омодагии хуб дидаем, бо иродаи қавӣ вориди майдон мешавем. Чи тавре, ки мураббӣ қайд намуд, моро вохурии душвор интизор аст. Аммо мо ҳама кушишро ба харҷ медиҳем, то пирӯз гардем ва дар ниҳояти кор аз гурӯҳ ба даври минбаъда бароем.