АНДЕШАҲОИ САРМУРАББИИ ТИМИ «АЛ-ВАҲДАТ»
21.10.2024 22:30
АНДЕШАҲОИ САРМУРАББИИ ТИМИ «АЛ-ВАҲДАТ» ОИДИ БОЗИИ ФАРДО БО «ИСТИҚЛОЛ»
РАФАТ АЛИ АҲМАД ҶАБОР:
- Ҳарду тимро рақобати сангин дар пеш аст. Умедворам бурд насиби мо мегардад. Вобаста ба ин бозӣ тамринҳои худро дар майдони сунъӣ гузарондем. Ҳаматарафа ба ин вохурӣ омодаем ва ҳадафи мо ба даст овардани се имтиёз аст. Рақиби мо - дастаи «Истиқлол» тими қавӣ мебошад ва мисли мо кӯшиш менамояд, ки рақобатро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намояд. Фардо мебинем, ки чи хоҳад шуд.