Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ДАВРИ ДУЮМИ БОЗИҲОИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ СИПАРӢ ГАШТ

01.10.2024 23:39

ДАР ДОИРАИ ИН БОЗИҲО, «ИСТИҚЛОЛ» ДАР САФАР БО ТИМИ «СИПОҲОН» ВОРИДИ РАҚОБАТ ГАШТ.

Дидори мазкур, ки дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и шаҳри Исфаҳон баргузор гашт, бо пирӯзии соҳибони майдон ба анҷом расид.  Дар даври сеюм, «Истиқлол» санаи 22 октябр,  дар Душанбе  дастаи «Ал-Ваҳдат»-и  Урдунро қабул менамояд.   Дар бозии дигари гурӯҳ миёни Шарҷа» ва «Ал-Ваҳда»  натиҷаи 2:2 ба қайд гирифта шуд. 

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ КФО-2024/25
МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ. ДАВРИ ДУЮМ

«Сипоҳон» (Эрон)  - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 4:0
Голҳо:
Абубакр Камара, 40 (1:0).  Ҷавод Оғоипур, 43 (2:0). Ҷавод Оғоипур, 47 (3:0).  Браян Дабо, 76 (4:0).
«Истиқлол»: Муҳриддин Ҳасанов, Кейта Сузуки (Аҳтам Назаров, 59), Амирбек Ҷурабоев, Алексей Ларин, Мэтю Миллар, Табрез Исломов, Мурилло  Соуза (Содиқҷон Қурбонов, 71), Эҳсон Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Франческо Марҷиотта (Рустам Соиров, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Шервони Мабатшоев, 59). 
Корти зард: Кейта Сузуки («Истиқлол»).
Сардовар: Рио Танимото (Ҷопон).
Нозири доварон: Моҳд Сабри Довуд (Малайзия).
Комиссари бозӣ: Алӣ Ал-Наим (Қатар).
1 октябр. Исфаҳон (Эрон). Варзишгоҳи «Фулодшаҳр». 6733 тамошобин.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/28309

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/28319

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj