Ба тоҷикӣ  На русском In English 

РУСТАМ ЯТИМОВ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ДАР ЛИГАИ БАРТАРИ РУСИЯ ИДОМА МЕДИҲАД!

16.06.2024 13:09

ДАРВОЗАБОНИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА ТИМИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМ ЯТИМОВ ФАЪОЛИЯТИ БОЗИНГАРИИ ХУДРО ДАР ДАР ЛИГАИ БАРТАРИ РУСИЯ ИДОМА МЕДИҲАНД.

Клуби футболи «Истиқлол» ва намояндаи Лигаи Бартари Русия КФ «Ростов»  созишнома дар бораи гузариши дарвозабон Рустам Ятимовро ба дастаи сармураббӣ Валерий Карпин ба имзо расониданд. 

Маблағи гузариши  дарвозабон ба тими «Ростов»  зиёда аз 250 000  доллари америкоиро ташкил медиҳад.  Бояд қайд кард, ки Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ менамуд ва дар ин муддат бо даста қаҳрамони бисеркаратаи мамлакат, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд.  Дар якҷоягӣ бо даста ба марҳилаи 1/8 финали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифта буд.  Дарвозабони асосии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад. Беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023. 

 Роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» ба Рустам Ятимов барои фаъолияти пурсамар дар даста    самимона ташаккур гуфта, ба ӯ дар тими «Ростов» барору музаффариятҳои нав ва бозии  дурахшоно таманно менамояд.

РОҲИ САФЕД ВА БАРОРИ КОР,  РУСТАМ!!!

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj