Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ҶАШНИ «РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ДАР АКАДЕМИЯИ «ИСТИҚЛОЛ»

27.05.2024 22:30

ИМРӮЗ БО ИБТИКОРИ РОҲБАРИЯТИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Таҷлили бошукуҳи «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар қароргоҳи дастаи «Истиқлол» воқеъ дар дараи Алмосӣ бо барномаҳои рангини варзишию фарҳангӣ  роҳандозӣ шуда, шумораи зиёди меҳмононро ба ҳам овард.

Баҳри тамошо ва табрики иштирокчиёни чорабинӣ роҳбарияти Федератсияи футболи кишвар, тими «Истиқлол»,  роҳбарияти шаҳри Ҳисор, собиқадорони футбол ва хабарнигорон ба фестивал ташриф оварда, шоҳиди иди бошукуҳи футбол гаштанд. 

Тарбиятгирандагони мактабҳои варзишӣ, мактаб-интернатҳо, футболбозони наврас дар назди ҳамагон ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, аз тарафи тими «Истиқлол» бо  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. 

Ҳамчунин баҳри фароғати меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони эстрадаи тоҷик пешкаш гардида, ба фестивал шукуҳу шаҳомати дигар бахшид.

Аксҳои хотиравӣ ва тамринҳои якҷоя бо футболбозони ҳайати асосӣ, ҷавонон ва тими футзали «Истиқлол» ба  кудакон ва наврасон таасурот ва хотироти нек боқӣ гузошт. 

Қайд менамоем, ки пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, ҳамасола санаи 25 май  ҷашн гирифта  мешавад.

https://t.me/fcistiklol2007/26240

https://t.me/fcistiklol2007/26241?single

https://t.me/fcistiklol2007/26251?single

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj