Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Оғози сохтмон – 1939
Бунёд – 1946
Соли кушодашавӣ – 1946
Дар солҳои гуногун чанд маротиба азнавсозӣ шудааст
Зарфият – 17600
Андозаи майдон – 105х68 м
Чамани майдон – алафи сунъӣ
Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон соли 1939 сохтмони варзишгоҳ дар шаҳри Душанбе оғоз ефт. Ба варзишгоҳ номи «Варзишгоҳи Ҷумҳуриявии аа номи М.В. Фрунзе» дода шуд.
Бо оғози ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи корҳои сохтмонӣ қатъ карда шуданд ва як сол пас аз анҷоми ҷанг дар соли 1946 варзишгоҳ кушода шуда, минбари ғарбӣ барои 5 ҳазор ҷойи нишаст сохта шуд.
Соли 1962 таҷдиди пурраи варзишгоҳ барои 21 400 ҷойи нишаст ба анҷом расид. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ дар варзишгоҳ дастаи “Энергетик" баромад мекард, ки баъдтар ба "Помир"-и Душанбе ивази ном кард.
Пас аз пошхӯрии ИҶШС, номи варзишгоҳ ба “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ" иваз карда шуд. Айни ҳол дар варзишгоҳ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, клуби футболи "Истиқлол", дастаҳои мунтахаби ҷавонон, наврасон ва занонаи Тоҷикистон бозиҳои хонагии худро мегузаронанд. Ғайр аз бозиҳои футбол, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ оид ба варзиши сабук баргузор мешаванд.